Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамшарикӣ бо ИМА-ро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаи онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

«Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолиятатон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи ғанитару фарохтарро касб хоҳанд кард», - омадааст дар барқия.

Зимнан омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати  талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳо дар ҳамаи сатҳҳо изҳор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президенти ИМА, ки санаи 8 ноябр доир гардид, номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп бо касби 277 овоз президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Рақиби ӯ Ҳилларӣ Клинтон 218 овоз ба даст овардааст. Доналд Трамп президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.