Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 ноябр барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҶТ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии саммит, ин чорабинӣ аз 28 то 30 ноябр баргузор гардида, дар кори он намояндагони 117 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.



