Шоми рӯзи 30 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Прага «Ватслав Ҳавел» Сарвари давлати Тоҷикистонро роҳбарият ва намояндагони сатҳи баланди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафар Президенти Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Аз рӯи натиҷаҳои сафар ва гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Чехия Милош Земан имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо санаи 27 ноябр оғоз гардид. Дар ин рӯз ӯ ба Маҷористон ташриф оварда, дар кори Саммити об иштирок ва суханронӣ намуд. Санаи 30 ноябр дар Будапешт Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо дидору гуфтушунид кард.



