Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 декабр паёми ҳамасолаи худ ба парлумонро ироа мекунад. То соли 2014 президент бо паёми худ ҳамасола моҳи апрел дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон суханронӣ мекард.
«Шурӯъ аз соли 2015 президент паёми худро моҳи январ дар парлумон изҳор мекард. Сабаби асосии ба вақти дигар гузаронидани санаи ироаи паём ба он марбут аст, ки аллакй муддати ду сол аст, ки соли молиявӣ дар ҷумҳурӣ на аз 1 апрел чун солҳои пешин, балки аз моҳи январ шурӯъ мешавад», - хотиррасон намуда ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз ҳамин сол ироаи паёми асосии сарвари давлат ба парлумон қабл аз оғози соли нав сурат мегирад. Президент имсол паёми худро ба ҳарду палатаи парлумон санаи 22 декабр иброз медорад.
Дар паём президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда, самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеа дар соли 2017-ро муайян мекунад. Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.



