Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки раисони ноҳияи Қубодиён ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлонро иваз намояд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар дод, бо фармонҳои президент Саидумрон Абдураҳмонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён озод карда шуда, Зафар Файзуллозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин шудааст. То ин таъинот Зафар Файзуллозода ба ҳайси мудири шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор мекард.
Бо фармони дигари президент Қарахон Чиллазода аз мансаби раиси шаҳри Сарбанд сабукдӯш гардида, Санавбар Самизода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин шудааст.
Аз ифшои маълумот доир ба минбаъд ба кадом вазифаҳо таъин шудани мансабдорони сабукдӯшшуда манбаъ худдорӣ кард.



