Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар паёми телевизионии Президент ба ин муносибат қайд мешавад, ки парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
«25 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид», - омадааст дар паём.
Зикр мегардад, ки вакилони мардумӣ бо дарки аҳаммият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.
Гуфта мешавад, «яъне Парчами давлатӣ самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он буда, ҷашни имсолаи он бо 25-умин солгарди баргузории иҷ-лосияи тақдирсози миллат, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ботантана таҷлил гардид, баробар омад».
Сарвари давлат таъкид мекунад, ки «имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд».
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2009 санаи 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасдиқ карда шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳи баландтарини ҷаҳон бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.
Ҳамин сол рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ парчами дарозиаш беш аз 2 ҳазор метр, паҳноиаш 7 метр ва вазни умумиаш 860 кило аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузаронида шуд.





"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста