Шоҳрух Саидзода, писари сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ (РКҶ)-и ВКД Тоҷикистон таъин шуд.
Фармон дар бораи тасдиқи ӯ дар ин вазифаро имрӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба имзо расонидааст.
Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, Саидзода Шоҳрух - подполковники милитсия, таваллудаш 30-уми августи соли 1986, миллаташ тоҷик. Айни замон дар факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда таҳсил намуда истодааст.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 19 апрели соли 2017 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуд.
Саидзода Шоҳрух барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад.

Ҳамчунин ӯ узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти дастаи футболи «Истиқлол» мебошад. Ӯро ҳамчунин дӯсти наздики писари президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ медонанд. Соҳиби ду маълумоти олӣ - иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ буда, аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули кор аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста