Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ ва сохтори Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Сардорони Раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, собиқ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Шариф Назарзода ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, собиқ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Фаттоҳ Қунғуротзода сардори милитсия дар нақлиёт, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи ВКД Сафиулло Азизуллозода роҳбари Раёсати ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт таъин шуданд.
Собиқ корманди дастгоҳи марказии ВКД Тоҷикистон Қудратулло Мунавваров сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ва Мансур Бухоризода, ки замоне Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард, сардори нави Раёсати ВКД дар ВМКБ таъин шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти ҶТ барои ба вазифаи муовини Раиси Суди Олӣ интихоб гардидани Исҳоқӣ Амирхон, Судяи Суди Олии ҶТ интихоб гардидани Аланазарзода Шароф, Тағозода Абдуқаҳҳор, Аҳмадзода Ҷамшед, Комилзода Илҳом, инчунин ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардидани Комилӣ Файзалӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намуд. Файзалӣ Комилӣ муовини раиси Суди олии иқтисодии ҶТ таъин шуд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Бобозода Хисрав аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод гардида, Рауфов Сӯҳроб ба ин вазифа таъин гардид.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар роҳи таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ барору комёбӣ орзу намуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста