Зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии соли 2017 муовини сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Ситод Азим Иброҳим ба масъулин ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рашт, Лахш, Фархор ва Қубодиён танбеҳ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Исфара ва Файзобод огоҳӣ эълон кард.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин шаҳру навоҳӣ иҷрои нақшаи даъват то рӯзҳои охири моҳи ноябр кашол ёфта, аз бепарвоӣ ва муносибати ҷиддӣ надоштани раисони комиссияҳои даъватӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мазкур шаҳодат медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин радиф фаъолияти комиссияи даъватӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе бо сарварии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ махсус қайд шуд, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ даъватҳои баҳорию тирамоҳӣо дар муҳлати як моҳ бомуваффақият анҷом ёфта, ин шоистаи ибрат аст.
Муовини сарвазир ҳамчунин зикр кард, ки дар натиҷаи ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи ватандӯстию ватанпарварӣ дар байни ҷавонони кишвар даъвати тирамоҳии соли равон пеш аз муҳлат таъмин гардид.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста