Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пули навро баъди таъмир мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои роҳҳои нави мошингард шинос шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки чаҳор ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Лоиҳаи азнавсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаинвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоот аз ҷониби КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.
«Дар доираи азнавсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунақкаши оҳанӣ зинат дода шуда, аломатҳои ороишии онро воситаҳои сершумори равшанидиҳанда, ки ранги онҳо ба таври худкор иваз мегардад, зинати иловагӣ мебахшанд», - омадааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.
Раиси пойтахи рӯзи 27 декабр ҳамчунин корҳои таъмиру навсозии пули роҳи оҳани воқеъ дар буриши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, наздикии маҷмаааи «Наврӯзгоҳ» ва маркази савдои «Ёвар» оғози расмӣ бахшид.
Пули мазкур солҳои 20-уми асри гузашта (соли1929) бо дарозии беш аз 67 метр бунёд гардида, бори охир соли 1978 азнавсозӣ шудааст ва бо гузашти солҳои зиёд пул ва иншооти атрофи он таъмирталаб гардидаанд.
Дар ҳамин ҷо ба раиси шаҳри Душанбе лоиҳаи сохтмони 4 иншооти коммуникатсионии шаҳр - роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбии шаҳр то маҳаллаи Чортут бо дарозии 7,3 км ва паҳноии 53 то 60 метр бо инобати 8-хати ҳаракат, роҳи автомобилгарди кӯчаи Ҳабибулло Назаров аз кӯчаи Ҳуснобод то хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо дарозии 1 километр ва паҳноии 25 метр, роҳи автомобилгард аз кӯчаи Соҳилӣ бо баромад ба кӯчаи Низомии Ганҷавӣ бо дарозии 0,94 километр ва паҳноии аз 27 то 43 метр ва роҳи автомобилгард аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров бо дарозии 0,8 километр ва паҳноии 65 метр муаррифӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, маври баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳҳои мазкур ҷиҳати аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва коҳиш додани ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳр мусоидат хоҳанд кард.
Зимни шиносоӣ бо ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур, Рустами Эмомалӣ ба масъулини сохторҳои марбута дастур дод, ки дар вақти татбиқи лоиҳаҳо тамоми талаботи технологӣ ва қоидаҳои роҳсозии муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта шуда, зимни азнавсозии ин ва дигар иншооти коммуникатсионии пойтахт ба тарҳу намуд, сифати иҷрои корҳо ва паҳноии роҳ диққати махсус дода шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста