Директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ахиран арзу шикоят бобати дағаливу бадмуомилагии мансабдорони давлатӣ зиёд шуда, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раҳбарияти бисёре аз ниҳодҳо, пеш аз ҳама Агентии хизмати давлатиро дар ин бобат мавриди интиқоди шадид қарор додааст.
«Аз ин рӯ, ман журналистонро ба ҳамкорӣ даъват мекунам, - гуфт Давлатов. - Ахиран дар матбуот доир ба бадмуомилагиву дағалрафтории мансабдорон зимни муроҷиат ба онҳо маводҳо нашр мешаванд. Аз ин ҳолатҳо моро ҳам огоҳ кунед, чораҷӯӣ мекунем».
Ба гунаи мисол ӯ аз ҳодиса дар ноҳияи Рӯдакӣ ёдовар шуд, ки дар он мансабдори давлатӣ нисбати сокинони маҳаллӣ беҳурматӣ зоҳир намуда, онҳоро таҳқир кард, вале аз чӣ гуна ҷазо гирифтани ӯ барои ин амалаш чизе нагуфт.
Бино ба маълумоти Агентӣ, ба санаи 1 январи соли 2018 шумори хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 19 ҳазору 382 нафарро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта Агентӣ як қатор қонуншиканиҳои марбут ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро ошкор кардааст.
Аз ҷумла, 618 хизматчии давлатӣ аз санҷиши сатҳӣ касбӣ нагузашта, 403 нафари онҳо ба бозмомӯзӣ фиристода шудаанд ва 130 хизматчӣ аз кор озод ва боқимонда ба вазифаҳои зинаи паст гузаронида шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста