Собиқ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб бо сабаби мушкили марбут ба воридоти гӯшти пастсфати мурғ ба ҷумҳурӣ аз мансабаш барканор шуд, - гуфт муовини сардори Хадамоти гумрук Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти хабарӣ.
Муовини сардори хадамот қайд кард, ки дар робита ба мушкилоти зикршуда чанде аз роҳбарони идораҳо танбеҳ гирифта, бархе аз вазифа озод шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ Абдуфаттоҳ Ғоибро ҳамчунин роҳбари кордону соҳибтаҷриба номид. «Абдуфаттоҳ Ғоибро ҳукумат ба кори дигар гузаронид ва мо бовар дорем, ки ба мансаби роҳбарӣ, ки дар он ҷо низ фаъолияти худро пурсамар идома хоҳад дод», - илова намуд муовини сардори Хадамот.
Қобили зикр аст, ки охири моҳи ноябри соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат аз сатҳи сифати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ, аз ҷумла гӯшти мурғ нигаронӣ изҳор намуд.
«Кӣ ба марги кӯдаки аз ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролудшуда ҷавоб мегӯяд? Мувофиқи натиҷаи санҷишҳо, сабабаш он аст, ки 90 фоизи маҳсулоти гӯштӣ ба қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ нестанд», - изҳор дошт Президент зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумони кишвар.
Он замон бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ Ибодулло Қурбониён, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Шералӣ Вазиров ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.
Ба роҳбарони Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб ва Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода танбеҳ эълон шуда, вале баъдтар, санаи 18 январ Абдуфаттоҳ Ғоиб «бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан» аз мансабаш барканор шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста