Палатаи поёнии парлумон ҷиҳати робитаи мустақим бо аҳолӣ гӯшаи «Равзанаи Парлумон» роҳандозӣ мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худро дошта ([email protected]), шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ ва телефонҳо 221-68-16, 221-13-78, 221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд.
Гуфта мешавад, саволу дархостҳои шаҳрвандон ҳамарӯза аз ҷониби кормандони котиботи роҳбарият, шуъбаи матбуот, шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаву комиссияҳо ва дигар шуъбаҳои дахлдор барои баррасӣ супорида, онро таҳти назорат қарор медиҳанд.
Зимнан зикр мегардад, ки пас аз омӯзиш ва баррасии муроҷиатҳо саволу дархостҳои шаҳрвандон бо зикри ному насаб ва суроғаи мушаххаси муроҷиаткунанда нахуст ба шаҳрванд ва баъдан дар нашрияҳои зикршуда ба нашр расонида мешавад.
Мувофиқи нақша, пас аз омӯзиши марҳилаи аввали фаъолияти ин гӯшаи «Равзанаи Парлумон», иқдоми мазкур метавонад дар расонаҳои дигари давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ низ ба роҳ монда шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста