Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ аз якчанд шаҳрҳои вилояти Суғд боздид намуда, дар маросими ба истифода додани якчанд иншоот ҳузур дошт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст сарвари давлат ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”, ки баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба фаъолият шуруъ кард, шинос шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” ҳолати мелиоративии 4 ҳазор гектар замин беҳтар мегардад. Аз ҷумла, 1300 гектар замини аз кишт берунмонда ба гардиш дароварда шуда, аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1000 гектар замин аз худ карда мешавад.
Масоҳати умумии заминҳои мавзеъ дар маҷмуъ 5 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки 3 ҳазору 300 гектараш замини корами обӣ мебошад.
Баъди обёрии заминҳо ва бунёди боғот дар ин минтақа 5500 оила соҳиби ҷойи кори доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашни ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Сугд шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.
Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшида, ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд.
Зимни шиносоӣ ба Президенти Тоҷикистон хабар доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи зикршуда 380 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз мебошад. Дар қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд 25 нафар ба кор фаро гирифта шуданд. Бинои корхонаи нав аз 6 ошёна иборат буда, он калонтарин иншооти истеҳсолкунандаи орд дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона зиёда аз 20 ҳазор тонна гандум захира карда шудааст.
Дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идона тақдим намуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, ба фарорасии ҷашни зебои эҳёи табиат- Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу кард.
Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» расман оғоз бахшид.
Ин меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр - кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохтааст.
Меҳмонхонаи «Парламент» дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла 6 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ бо 160 ҷой мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст ва дар ҷараёни корҳои сохтмонии он то 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста