Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ҷонибдорӣ намуд.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзода изҳор намуд, ки дар қонуни соли 2011 қабулшуда доштани эъломияи бехатарӣ барои иншооти гидротехникӣ пешбинӣ шудааст, лекин бисёре аз иншоот дар Тоҷикистон то ҳол чунин эъломия надоранд.
Ба қавли Раҳимзода, хадамоти бехатарии иншооти гидротехникии Тоҷикистон, ки соли 2014 таъсис ёфт, барои таҳияи эъломияи бехатарии чунин иншоот имкон надорад.
Тағйироти имрӯз қабулшуда ба қонун барои ҷалби имконоти доираҳои дахлдори илмӣ ва лоиҳакашии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи эъломияи бехатарии иншоооти гидротехникӣ шароит фароҳам меорад.
Ғайр аз ин, имрӯз вакилони мардумӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид намуданд, ки мувофиқи он, барои риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ дар иншооти гидротехникӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳаҷми аз 250 сомонӣ то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Қаблан дар ин самт дар қонунгузорӣ ҳеҷ масъулияте пешбинӣ нашуда буд.
Дар посух ба саволи раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи ба номгӯи иншооти гидротехникӣ дохил шудани кадом иншоот, Раҳимзода қайд кард, ки ба ин рӯйхат сарбанди нерӯгоҳҳо, дарғоти обанборҳо , каналҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ дохиланд.
Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз каналу обанборҳои Тоҷикистон об мегиранд, имрӯз ба кишвар барои нигаҳдориву таъмири онҳо кам кумак мекунанд, зеро дар ин хусус созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо нарасидааст.
«То соли 2008 барои нигаҳдориву таъмини кори баъзе обанборҳову дарғоти шимоли кишвар Ӯзбекистон бо техникаву қувваи корӣ кумак мекард, - гуфт Раҳмизода. - Соли 2011 Ӯзбекистон барои таъмини кори обанбори Қайроққум ба сифати кумаки башардӯстона 330 ҳазор доллар маблағ ҷудо кард».
Зимнан зикр шуд, ки имрӯз Душанбе ва Тошканд масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, Тоҷикистону Қазоқистон аз рӯи ин масъала лоиҳаи созишнома омода кардаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста