Рӯзноманигори тоҷик Мадина Бобоиёни 36-сола муовини нави раиси шаҳри Исфара таъин шуд. Номзадии ӯ аз ҷониби президенти Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Бино ба маълумоти дарёфтии «Азия-Плюс» аз ҳукумати ин шаҳр, муовини нави раиси шаҳр хатмкардаи риштаи филолгияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, солҳои гуногун дар телевизиони шаҳри Исфара, ТВ «Сафина» фаъолият доштааст. То таъинот ба ин вазифа дар Раёсати маълумоти томактабии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон машғули кор буд.
Дар мақомоти шаҳрдории Исфара ба дӯши Мадина Бобоиён масъулияти ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ вогузор хоҳад шуд.
Қаблан ин мансабро Таборакхон Умарзода ишғол мекард, ки бинобар сабаби ба шаҳри Душанбе кӯчидани оилааш аз вазифааш канор рафт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста