Дар назди Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Хадамоти ташрифоти Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба таъмини баргузории чорабиниҳо бо иштироки президент ва аъзои оилаи ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар машғул мешавад.
Ғайр аз ин, Хадамоти ташрифот ба ташкили чорабиниҳо таҳти раёсати президент, ҳамчунин чорабиниҳои ташкилмешуда аз ҷониби мақомоти машваратӣ ва тавсиявии назди президенти Тоҷикистон бо дастури ӯ низ машғул хоҳад шуд.
Муқаррароти Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хадамоти ташрифоти президенти Тоҷикистон бо фармони сарвари давлат аз 16 апрели соли равон тасдиқ шудааст.
«Хадамот ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳоро вобаста ба татбиқи Муқаррароти умумии ташрифоти давлатии Тоҷикистон дар омода намудани қисмати тадорукотиву ташрифотии чорабиниҳо бо иштироки Президенти Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар дохили Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он ба амал мебарорад», - гуфта мешавад дар санади тасдиқшуда.
Қайд мешавад, ки муқаррароти Низомнома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ низ татбиқ мегарданд.
Хадамот воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, ба Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
«Дахолати дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти Хадамот манъ аст», - қайд мегардад дар Муқаррароти Хадамоти таъсисёфта.
Сохтори Хадамоти нав аз сардор ва муовини ӯ, шуъбаи сафарҳои президент, шуъбаи қабули ҳайатҳо ва чорабиниҳо, ҳамчунин шуъбаи тарҷумонӣ иборат аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста