Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд даъват кард, ки ба мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроте чун терроризм ва ифротгароӣ тақвият бахшида шавад.
«Дар ҳудуди вилояти Суғд тайи як солу панҷ моҳи охир қариб 8700 ҷиноят, аз ҷумла 500 ҷинояти хусусияти эстремистиву террористидошта ошкор карда шудааст, ки назар ба солҳои қаблӣ хеле зиёд мебошад», - қайд кард Президент.
Сарвари давлат баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ, бахусус миёни ҷавононро муҳим унвон кард, то ки онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро ва террористӣ ҷалб нашаванд.
«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ 275 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, 715 нафар, ки чунин ҷиноят содир кардаанд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд, - гуфт Президент. - Онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара 154 нафар, Истаравшан 134, Ашт 83, Спитамен 57, Хуҷанд 48, Панҷакент 46, Бобоҷон Ғафуров 39, Ҷаббор Расулов 27, Конибодом 26, Мастчоҳ 22, Зафаробод 20, Бӯстон 15, Истиқлол 13 ва Деваштич 9 нафар мебошанд».
Ӯ аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва фаъолон даъват кард, ки ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шахсоне, ки дар муассисаҳои таълими ба ном динӣ ғайриқонунӣ таҳсил менамоянд ё дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо иштирок мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
«Дар ин маврид аз имтиёзҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки ихтиёран аз иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст кашидаанд, васеъ истифода бурда шавад», - хотиррасон намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста