Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини сарвазири мамлакат, раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат, машварати корӣ доир кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат нахуст ҳисоботи муовини сарвазири мамлакат, намояндаи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои омода кардани пойтахт ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вобаста ба рафти иҷрои корҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо шунида шуд.
Таъкид гардид, ки то имрӯз барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, руйхат ва шумораи иншоотҳои ҷашнӣ тартиб дода шудааст.
Ба руйхати иншоотҳо, ки аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст давоми се сол то ҷашни истиқлолият бунёд мегардад, асосан биноҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, боғчаҳои бачагон, марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва гулгашту хиёбонҳо шомил карда шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, таъмини тозагии муҳити зист, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳои олию миёнаи таълимӣ ва омода кардани онҳо ба соли нави хониш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар кардани шароити кор дар марказҳои саломатӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасонии тиббӣ, супоришҳои мушаххас дод.
Дастур дода шуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд аз ҳозир корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, бо иштироки фаъоли мардум дар шаҳри Душанбе иншооти наву муосири таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста