Пас аз анҷоми чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат аз ноҳияи Мурғоб боздид намуда, ба кори нерӯгоҳи хурди барқи обии «Оқсу» ҳусни оғоз мебахшад.
Корҳои лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи «Оқсу» аз ҷониби Бонки рушди Олмон (KfW) маблағгузорӣ шуд. Тибқи лоиҳаи аввал, иқтидори нерӯгоҳи оянда бояд 800 кВт/соатро ташкил медод ва ҷудо гардидани 4 млн. евро пешбинӣ шуда буд.
Аммо баъди омӯзиши такрории лоиҳа аз ҷониби мутахассисони олмонӣ тасмим гирифта шуд, ки иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ то 1,5 ҳазор кВт/соат расонида шавад. Мутаносибан бонки Олмон 7 млн. евро маблағи иловагӣ ҷудо намуд.
Дар ВМКБ Сарвари давлат ҳамчунин бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа шинос шуда, дар чанде аз ноҳияҳои вилоят бо фаъолон вохӯрӣ мегузаронад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста