Дар ҷаласаи навбатии ҳукумат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки то 250 сомонӣ боло бурдани нархи симкортҳои телефони мобилиро дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2019 мавқуф гузоранд.
“Дар маҷлиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи вазъ атрофи болоравии нархи симкортҳо миёни ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур дод, ки амалишавии қарори аз 1 сентябри соли равон боло бурдани нархи симкортҳо мавқуф гузошта шавад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода.
Ӯ қайд кард, ки дар ин робита Сарвари давлат ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент дастур дод, ки масъалаҳои арзиши симкортҳо, истифодаи як симкорт аз ҷониби як нафар ва манъи фурӯши кортҳо ба кӯдакони синни то 14-сола мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон симкортҳо барои кӯдакони ноболиғро волидон метавонанд ба номи худ ё бо шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ба расмият дароранд. Шояд варианти охир бекор карда шавад.
“Баъди омӯзиши дақиқи ин масъалаҳо қарори дахлдор қабул мешавад. Масъалаҳои танзим дар ин соҳа минбаъд танҳо бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ҳал карда мешаванд, яъне танҳо ҳукумат метавонад доир ба ин масъалаҳо қарори ниҳоӣ қабул намояд”, - зикр кард котиби матбуотии президент.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, тариф барои иҷрои протоколи ҷаласаи муштараки ВКД, КДАМ, Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилии «Тcell», «ТТ-Мобайл», «Вавилон-Мобайл» ва «Таком» аз 8 августи соли 2018 ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2018 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ» мувофиқи моддаи 22 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи рақобат” ва қисми 12 Оинномаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста