Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баъди таътили семоҳа имрӯз, 1 октябр ба кори худ идома медиҳад.
Дар рӯзномаи ҷаласаи аввали иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018”, “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи хизмати дипломатӣ” дар назар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов.
Вакилон ҳамчунин имрӯз масъалаҳои марбут ба тасдиқи созишномаи техникӣ байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ), созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ ва санад дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома байни кишварҳои узви СҲШ доир ба Сохтори минтақавиии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002-ро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, вакилони парлумон аз 1 июл то 15 август ба рухсатии меҳнатӣ баромада, аз 16 август то 1 октябр дар кумита ва комиссияҳои соҳавии парлумон кор мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста