Ба тамоми ҳайати шахсии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, посгоҳ, комендатура ва дастаҳои сарҳадбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, оилаҳои сарбозону афсарони сарҳадбонони фавтида ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ аз номи президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд.
“Барои оростани дастурхони идонаи сарҳабонон президенти Тоҷикистон беш аз 200 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ фиристод”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Ғайр аз ин, ба оилаҳои сарҳадбонони фавтида ҳангоми ҳимояи марзи Тоҷикистон 10 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва сарулибоси зимистона фиристода шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ба тамоми ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, толибилмон (курсантҳо)-и муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиа, оилаҳои сарбозону афсарони фавтида зимни иҷрои қарзи ҳарбӣ низ аз номи Сарвари давлат туҳфаҳо фиристода шудааст.
Танҳо ба сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ ба сифати туҳфа беш аз 300 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, сабзавоту мева ва маснӯоти қаннодиву шириниҳо тақдим намуд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста