Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 15 январ ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт доир мегардад, ки дар он аз рушди шаҳр дар соли гузашта натиҷагирӣ ва нақшаҳо дар соли 2019 муайян карда мешаванд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар доданд, дар ҷаласа ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар пойтахт, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иқтидорҳои нави саноатӣ, иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва ҷараёни амалисозии нашаи генералии шаҳр таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Дар ҷаласа раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳр дар бораи корҳои иҷрошуда дар соли гузашта ва нақшаҳо дар соли равон ҳисобот медиҳанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа баррасии ҷараёни омодагии мақомоти шаҳрдорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ дар назар аст.
Мувофиқи нақшаи ҳукуматдорони пойтахт, давоми солҳои 2019-2021 дар Душанбе беш аз 4 ҳазор иншооти таъиноти саноативу иҷтимоӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ, фарҳангу фароғатӣ, истироҳат ва варзишӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар иншооти саноатӣ истеҳсоли маснӯоти дӯзандагиву бофандагӣ, қаннодӣ ва таҷҳизоти маишӣ ба нақша гирифта, ба сурати умум дар онҳо зиёда аз 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Ғайр аз ин, дар ҷаласаи ҷамъбасти солона аз кори нақлиёти ҷамъиятӣ, бахши иҷтимоӣ, соҳаи маорифу тандурустии шаҳр дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, назди ин сохторҳо дар соли ҷорӣ вазифаҳои нав гузошта мешаванд.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста