Минбаъд дар Тоҷикистон касоне, ки қаблан барои дидаву дониста содир намудани ин ё он ҷиноят маҳкум шудаанд, ба хизмати давлатӣ ба кор қабул намешаванд.
Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” қабул кард.
Дар ҷаласаи парлумон роҳбари Агентии хизмати давлатии назди президент Ҷумъа Давлатов дар ин робита изҳор намуд, ки дар тағйироту иловаҳо манъи қабули шахсоне, ки қаблан дидаву дониста ин ё он ҷиноятро содир намуда, маҳкум шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Бино ба гуфтаи ӯ, ин тағйирот ба шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, аз ҷумла садамаи нақлиёт, куштани одам аз беэҳтиётӣ, дахл нахоҳанд дошт.
Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии ҷумҳурӣ, айни замон наздики 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2015 чунин тағйирот ба қонун “Дар бораи адвокатура” низ қабул шуда буд. Мувофиқи он, шахси маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноят, ки аз мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати ҳарбӣ барои риоя накардани савганди касбӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ аз кор озод шудааст, наметавонад ба фаъолияти адвокатӣ машғул шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста