Маоши вакили парлумони Ӯзбекистон 1,56 млн сӯм ($186) ва вазир 1, 72 млн сӯмро ташкил менамояд, посух додааст Вазорати молияи Ӯзбекистон ба пурсиши «Газеты.Uz».
Маоши муовини вазир бештар - 2,076 млн сӯм ($247) будааст. Раиси вилоят 1,9 млн ($226), раиси шаҳр ва ноҳия 1,643 млн сӯм ($195) маош мегирифтаанд.
Онҳо ҳамчунин маблағҳои иловашуда мегиранд. Барои шароити махсуси кор – 20% аз маоши вазифавӣ, барои таҷрибаи ғании корӣ – 20-30%. Тавозуни ҳавасмандгардонӣ 40% аз маоши вазифавӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ – 15 – 25% аст. Ҳамин тавр, дар маҷмуъ, раиси вилоят имкон дорад 4 млн сӯм ($476) маош гирад.
Хизматчии давлатӣ ҳамчунин метавонад мукофотпулӣ дар ҳаҷми ду маош ва кӯмаки моддӣ дар ҳаҷми як маош дастрас намояд. Маоши онҳо аз ҳисоби маблағҳои захиравии ғайрибуҷавии вазорат, кумита ва дигар мақомот метавонад зиёд гардад. Ин маблағҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ, пардохтҳои берун аз андозбандӣ, ҷаримаҳои маъмурӣ ва таҳримоти молиявӣ ҷамъоварӣ мегарданд. Онро метавонанд бо мақсади ҳавасмандгардонӣ равона намоянд.
Маоши ҳадди ақал дар Ӯзбекистон 202 730 сӯм ($24) ва дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ($43) аст.
Вакилони тоҷик чӣ қадар маош мегиранд?
Вакилони парлумони Тоҷикистон 4 ҳазору 950 сомонӣ маош мегиранд.
Маоши онҳо соли 2011 муайян гардида буд ва то имрӯз тағйир наёфтааст. Аммо агар он замон маоиши вакилони тоҷик тақрибан 1000 долларро ташкил медод, ҳоло ҳудуди 525 доллар аст.
Тағйироте, ки имсол ба қонун “Дар бораи мавқеи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, кафолати иҷтимоии аъзоёни парлумони кишварро то ду маротиба поён бурд.
То сентябри соли 2011 вакили парлумони ҷумҳурӣ пас аз қатъи вакилиаш ҳуқуқ дошт, ки то шаш моҳ, то замони пайдо кардани кори нав, маоши вакилиашро гирад. Тибқи қонуни нав, ин муҳлат то се моҳ кам карда шуд.
Маоши вазирону раисони тоҷик то имрӯз ошкор нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста