Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 15 марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масоили марбут ба амалисозии барномаҳои давлатӣ дар бахши тандурустӣ дар қаламрави шаҳр дар назар аст.
Ҳамчунин дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси масъул ба масъалаҳои рушди кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр шунида мешавад.
Аз вакилони маҷлис дархост шудааст, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.
Ғайр аз ин, дар иҷлосия масъалаи пеш аз муҳлат қатъ шудани ваколатҳои ду вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 Комилҷон Ҳомидов ва №38 Гулчеҳра Убайдуллоева низ баррасӣ мешавад.
Ваколатҳои Ҳомидов, собиқ мудири кафедраи “Сохмтони саноатӣ ва шаҳрсозӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бинобар сабабаи даргузашти бемаҳалаш ва ваколатҳои Гулчеҳра Убайдуллоева, собиқ соҳибкори хусусӣ, раиси маҳаллаи 82-ми пойтахт бо сабаби ба кишвари дигар кӯчидан барои иқомати доимӣ қатъ мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ 70 нафар вакилони мардумӣ фаъолият доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста