Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иқбол Сафаров - директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” пурра аз нав бунёд гардида, он аз чор ошёна, таҳхона ва се бино иборат аст ва бо назардошти стандартҳои муосири меъморӣ бунёд ёфтааст.
Муассиса барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти нав дорои 51 синфхона ва 38 утоқи дигари ёрирасон мебошад. Ҳамзамон бино дорои ошхона бо 160 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 420 метри мураббаъ бо 4 ҳуҷраи иловагӣ ва маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст мебошад.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии корхонаи “Комбинати орди Душанбе” оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, “Комбинати орди Душанбе” дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Бо назардошти мавҷудияти шохаҳои роҳи оҳан, дорои анбор барои захираи 32 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ барои нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабусу гандуми реза мебошад.
Бо васлу насби технологияи истеҳсолӣ иқтидори коркарди гандум дар “Комбинати орди Душанбе” дар як шабонарӯз ба зиёда аз 300 тонна ва дар як сол ба 110 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд. Баъди пурра ба кор андохтан ва муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир барои мутахассисони маҳаллӣ зиёда аз 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.
Президенти мамлакат ҳамроҳ бо раиси пойтахт ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Амфитеатр дорои 1500 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла дар ошёнаи якум нуқтаи чиптафурӯшӣ, утоқҳои маъмурияти боғ ва дигар утоқҳои корӣ, дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраи ороишдиҳӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ тарҳрезӣ гардидааст.
Масоҳати умумии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Театри тобистона аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгу буда, дар гушаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста