Дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санги асос гузошта шуд.
Бинои ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бинои нав дар чаҳорчӯби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ва саҳмгузории саховатмандону аъзои ҳизб сохта мешавад.
Гуфта мешавад бинои нав аз ду ошёна иборат буда, маблағи лоиҳавиаш 500 ҳазор сомониро ташкмил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки тибқи нақша бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бояд то охири соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.
Қобили зикр аст, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ягона ҳизбест, ки дар 18 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дафтарҳои корӣ дошта, дар чанде аз ноҳияҳо барои роҳандози фаъолияти прусамар биноҳоро ба иҷора гирифтааст.
Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар Душанбе то нимаи соли гузашта дар бинои маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷойгир буд. Дар робита ба оғози корҳои таъмиру навсозии ин маҷмаа, КИМ ҲХДТ дар мавзеи назди кинотеатри “Ватан” бино ба иҷора гирифт.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста