Дар назар аст, ки имсол вохӯрии анъанавии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо толибилмону омӯзгорон ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш 1 сентябр дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар ин рӯз бинои нави Донишкадаи мазкур мавриди истифода қарор мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар асоси фармони президент моҳи августи соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аз ҳамин вақт қабули довталабон ба он оғоз гардид (қаблан дар донишкада танҳо хизматчиёни давлатӣ такмили ихтисос мекарданд).
Донишкадаи идоракунии давлатӣ – муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ мебошад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.
Ҳадафи асосии Донишкада бунёди низоми доимоамалкунандаи замонавии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ (бакалавр, магистр, маълумоти дуюми олӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ), баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Соли хониши 2018-2019 донишкадаро 270 нафар дар соҳаи менеҷмент ва муносибатҳои байнулмилалӣ бо дараҷаи бакалавр ва магистр хатм намуда, 33 нафарашон ба гирифтани дипломи сурх мушарраф гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Президенти мамлакат ҳамасола дар остонаи оғози соли хониши нав дар Рӯзи дониш дар муассисаҳои таълимӣ бо донишҷӯён вохӯрӣ мегузаронад. Дар суханрониҳои худ дар ин гуна маросимҳо ӯ дар бораи дастоварду камбудиҳои соҳа изҳори назар мекунад.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста