Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи ба ихтиёри ширкати «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Чин додани кони нуқраи “Якҷилва”-ро дар ВМКБ, ки моҳи июни соли равон ба имзо расида буд, маъқул шуморид.
Имрӯз, 1-уми октябр дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар вакилон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Хитойро оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби ВМКБ тасдиқ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бораи чӣ миқдор сармоягузорӣ шудан ба кон ва дигар ҷузъиёти созишнома алҳол маълумот дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки ин санад моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳошияи кори форуми сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба имзо расида буд.
Кони нуқраи “Якҷилва” дар баландии беш аз 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷойгир аст.
Бино ба маълумоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, захираи нуқра дар кони “Якҷилва” аз ҷониби Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳо тасдиқ шуда, 240 тоннаву 920 килоро ташкил медиҳад.
Чанд сол пеш он замон роҳбари Саридораи геология, феълан муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим изҳор дошта буд, ки таркиби нуқра дар як тонна маъдан дар “Якҷилва” метавонад аз “Кони Калони Мансур” - бузургтарин кони нуқра дар Осиёи Маразӣ бамаротиб зиёдтар бошад.
Ба гуфтаи геологҳои тоҷик, таркиби миёнаи нуқра дар 1 тонна маъдан 640 граммро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар “Кони Калони Мансур” ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 50 грамм таркиби нуқра баробар аст.
Аввалин маълумот дар бораи мавҷудияти чунин кон дар Мурғоб соли 1962 ба даст омада, солҳои 1984-1991 корҳои иктишофӣ ҷараён гирифтанд ва солҳои 2007-2013 аз ҷониби ширкати “С. А. MINERALS”-и Қазоқистон идома ёфтанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста