Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 26 декабр даъват шудани иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум қарор ба имзо расонид.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамин рӯз раисҷумҳур паёми анъанавии ҳамасолаи худро ба парлумон ироа медорад.
Иҷлосияи муштарак дар маҷмааи “Кохи Сомон”-и пойтахт баргузор шуда, дар он аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ иштирок мекунанд.
Дар паёми худ президент ба масоили сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеаро дар соли 2020 муайян мекунад.
Манбаъ қайд кард, ки то ин дам рӯзи 25 декабр иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, аъзои палатаи болоии парлумон қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнӣ қабулшударо баррасӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста