Дар ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки баргузориаш рӯзи 20-уми январ дар Душанбе дар назар аст, аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2019 натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои соли 2020 баррасӣ мешаванд.
Дар кори ҷаласа ба масоили рафти амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тибқи таҷрибаи маъмулӣ, аз рӯйи натиҷаҳои чунин ҷаласаҳо бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят ва шаҳру навоҳӣ тағйироти кадрӣ сурат мепазирад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 21-уми январ раисҷумҳур аз роҳбари ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” ва раиси БДА “Амонатбонк” дархост намуд, ки толорро тарк кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста