Ба ифтихори ташрифи сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Кохи фарҳанг бо 1 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад, ки яке аз калонтарин чунин иншоот дар ҷумҳурӣ хоҳад буд.
Ҷашни 23-юмин солгарди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.
Дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар Мастчоҳ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони мардумӣ, ходимони илму фарҳанг, аҳли ҷомеа ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар кишварҳои хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар ба ноҳияи Мастчоҳ президент дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ иштирок карда, бо фаъолони ноҳия вомехӯрад ва бо дастовардҳои соҳаҳои саноату бахши кишоварзӣ шинос мешавад.
Ба муносибати ҷашн дар ноҳияи Мастчоҳ ба сурати умум наздики 30 иншооти нав, аз ҷумла, Кохи фарҳанг бо 1 ҳазор ҷойи нишаст, варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва манзилҳои истиқоматии 5-ошёна ба истифода дода мешавад.
Барои сохтмони Кохи фарҳанг беш аз 30 млн. сомонӣ ва варзишгоҳ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 11 млн. сомонӣ масраф мешавад.
Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 хотима бахшид.
Мувофиқи фармони сарвари давлат ва қонуни қабулшуда аз 22-юми майи соли 1998, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз идҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 27-уми июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста