Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ бақайдгирии расмии номзадҳои пешбаришударо ба вакилии палатаи поёнии парлумони кишвар оғоз мекунад.
Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Наврӯз Самадзода хабар дод, ҷараёни бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон то 9-уми феврал идома меёбад.
Пас аз ин ҳамаи номзадҳои расман сабтшуда ба вакилии парлумон дар ҳавзаҳои интихоботии худ метавонанд маъракаи густардаи таблиғотӣ гузаронанд.
Қаблан КМИР Тоҷикистон муқаррар кард, ки барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ ба ҳар кадоме аз ҳизбҳои сиёсии кишвар то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда мешавад.
Ғайр аз ин, барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шуд. Дар дигар ҳолатҳои истифодаи васоити хабори умум низ ҳамин гуна тартибот амал мекунад.
Ба ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 63 нафар вакилон – 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 вакил тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявии интихоботӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста