Муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҷумҳуриявии даъват ба хизмати ҳарби Азим Иброҳим аз рӯйи натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар даъвати тирамоҳии соли 2019 ба 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда ҷазо эълон кард.
Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 қайд шуд, ки 6 комиссари ҳарбии вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Шуғнон бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти хизматиашон ва сабабҳои дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Гуфта мешавад, бо дарназардошти таҳлилҳои гузаронида, муовини сарвазири мамлакат натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳоро дар даъвати тирамоҳии соли 2019 нокифоя баҳодиҳӣ намуд.
Азим Иброҳим таъкид дошт, ки бо вуҷуди пеш аз муҳлат иҷро гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, усул, тарз ва сифати корҳои анҷомдода дар ин самт ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардорони шуъбаҳои даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Кӯшониён, Ваҳдат, Ҳисор ва Рӯдакӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бинобар сабаби роҳ додан ба баъзе камбудиҳо дар рафти маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Кӯлоб, Ҳисор, Варзоб, Истаравшан, Турсунзода, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Нуробод, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ тадбирҳои зарурии дахлдор андешида шавад.
Муовини сарвазир аз фаъолияти комиссияҳои тиббӣ низ эродҳои ҷиддӣ гирифта, бо тарзи иҳотагирӣ (облава) ҷалб намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ як амали номатлуб номид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
15 овозхони шинохта дар як саҳна, сурудҳои писандида ва дунёе аз эҳсосот. “Tarona Music Award-2024” чӣ гуна гузашт?
Табибони тоҷик бори нахуст бидуни буриш майнаи сарро ҷарроҳӣ кардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2025
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста