Шаҳрдории Душанбе бо мақсади интихоби пудратчӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Боғи Истиқлол» бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ» (марҳилаи дуюм) барои иштирок дар тендер довталабони ватанию хориҷиро даъват мекунад.
Боғ дар майдони 30 гектар дар қаламрави хиёбони рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (мавзеи пушти маҷмааи “Кохи Ваҳдат”, меҳмонхонаи “Авесто” ва Донишкадаи омӯзгорӣ) бунёд мегардад.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар тендерро шаҳрдории пойтахт то 15 феврал қабул карда, рӯзи 18 феврал натиҷаҳои тендер ҷамъбаст мешаванд.
«Боғи Истиқлол» яке аз иншооти бузургу бошаҳомат дар кишвар ба шумор меравад, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта мешавад.
Майдони маҷмааи “Истиқлол ва Озодӣ” 2,7 гектарро ташкил дода, муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» 121 метрро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста