Думаи давлатии Русия тағйирот ба Конститусия, аз ҷумла, бекор кардани муҳлати президентии Путинро қабул кард.

Мувофиқи ин тағйирот, президенти ҳозираи Русия Владимир Путин метавонад боз ду бори дигар номзадиашро пешниҳод када, то соли 2036 дар мансаб монад. Бо назардошти муҳлати сарвазирияш, то соли 2024 Путин 20 сол ва то соли 2036 – 37 сол дар мансабҳои роҳбарии давлат буда метавонад.

Ин хабар боиси баҳсҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Мо раддабандии раисҷумҳуронеро, ки аз ҳама тӯлонитар сари мансаб қарор доранд, таҳия кардем. Танҳо муҳлати президентии онҳо ба инобат гирифта шуд.

Дар мансаби раисҷумҳур муҳлати тӯлонӣ қарор доштан асосан дар кишварҳои Африқо ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) роиҷ аст.

Дар сегонаи аввали ҷаҳон инҳо мебошанд: президенти Гвинеяи Экваториалӣ Теодоро Обианг – 40 сол дар кишвараш ҳукмрон аст, президенти Камерун Пол Бийя – 38 сол ва президенти Ҷумҳурии Конго Дени Сассу Нгессо – 35 сол.

Дар кишварҳои пасошӯравӣ Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон бо 25 соли роҳбарии давлат ва Владимир Путин – бо 16 сол собиқаи корӣ дар ин вазифа пешсафанд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.