Ба таҷлили Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд роҳбарони ҳамаи намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе даъват шудаанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз, ки рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи “20-солаги Истиқлолияти Тоҷикистн” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд, иштирок мекунад.
Ба маъракаи ҷашнӣ дар Хуҷанд ба ҷуз дипломатҳо, инчунин аҳли зиёиён ва аҳли ҷомеа даъват шудаанд.
Дар намоиши театришудаи варзишгоҳи Хуҷанд то 12 ҳазор нафар ширкат меварзанд, ки асосан донишҷуёни шаҳр ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд.
Қаблан “Азия-Плюс” бо истинод ба як манбаъи худ дар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус хабар дода буд, ки бо сабаби коронавирус имсол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон сайругаштҳои оммавӣ ва намоишномаҳои театришуда баргузор намешаванд. “Чорабиниҳои ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо даъвати шумори маҳдуди меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мешаванд”, - иттилоъ дода буд манбаъ.
Аммо, ба гумони ғолиб, ҳукумат нақшаашро бозбинӣ карда, таҷлили оммавии ҷашни Наврӯз дар кишвар баргузор мешавад. Аз ҷумла, дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар фазои кушод консертҳо доир мегарданд.
Бубинед, дар Хуҷанд чӣ гуна ба таҷлили Наврӯз омодагӣ мегиранд:
Тоҷикистон аз коронавирус озод боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар вазорат аз шумори шахсоне, ки айни замон ба карантин гирифта шудаанд, хабар намедиҳанд.
Дар кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистон ҳолатҳои сирояти коронавирус тариқи зайл аст:
дар Ӯзбекистон – 13 ҳолат,
дар Қирғизистон – 3 ҳолат,
дар Афғонистон – 21 ҳолат.
Дар Қазоқистон – 35 ҳолат ва дар Русия то субҳи 18-уми март – 114 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамаи ин кишварҳо имсол баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва сериздиҳом, аз ҷумла, ба муносибати ҷашни Наврӯз манъ карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста