Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо кормандони дастгоҳаш дар ҳудуди бозори Хоруғ ҳашар гузаронида, ҳамчунин дар маркази шаҳр ниҳолҳои ороишӣ шинонданд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии дастгоҳи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, сокинони ВМКБ ба тозаву озода намудани гирду атрофи идораву муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ шурӯъ карданд.
“Дар баробари намояндагони дигар муассисаҳои давлатӣ, кормандони дастгоҳи раиси ВМКБ низ бо иштироки бевоситаи Ёдгор Файзов дар ҳудуди бозори шаҳри Хоруғ ҳашар гузарониданд. Ин бори аввал нест, ки раиси вилоят дар ҳашарҳои дастҷамъона иштирок мекунад”, - илова кард Ниятбеков.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста