Оилаҳои осебпазир ва шахсони маъюб дар Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо оид ба муқовимат бо коронавирус кумаки якдафъаинаи молиявӣ мегиранд. Чӣ қадар, алҳол маълум нест.
Кумак аз ҳисоби гранти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ расонида мешавад, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо карда мешавад.
Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод, ки равона шудани ҳудуди 3 млн доллар аз ин кумак ба пардохтҳои фаврии пулии қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ, ҳамчунин маъюбон пешбинӣ гардидааст.
Зимни ҷаласа вакилон созишномаи 10-уми феврали соли равон имзошударо дар бораи кумаки молиявӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Ба гуфтаи вазир, ба тақсими маблағҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар машғул хоҳад шуд, ки рӯйхати гирандагони ин кумакро дар ихтиёр дорад.
Файзуллозода изҳори итминон кард, ки ҷараёни тақсими кумак шаффоф мегузарад.
“Нахуст сухан дар бораи 8,5 млн доллар кумак мерафт, аммо дар ҷараёни гуфтушунид ҳаҷми он то 11,3 млн доллар афзуд. Минбаъд низ имкони зиёд кардани ҳаҷми ин кумак вуҷуд дорад”, - иброз дошт вазири молия.
Зикр гардид, ки маблағҳои ин кумак ба муҷаҳҳаз кардани беморхонаҳо, таҳкими имконоти низоми тандурустии кишвар, омӯзонидани кормандони соҳаи тиб равона хоҳад шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста