Имрӯз, 1-уми май Эмомалӣ Раҳмон барои табибон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
Ин маблағ барои дар муддати се моҳ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ пардохт кардани иловапулӣ ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин иштирок мекунанд,
“Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид”, - иттилоъ додааст хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Далелҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон дирӯз, 30-юми апрел зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 расман эълон шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон ва раиси ин ситод Қоҳир Расулзода доир гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то рӯзи 29-уми апрел дар кишвар 15 ҳолати тасдиқшудаи бемории сироятии Covid-19 ба қайд гирифта шудааст: 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар шаҳри Душанбе.
Дар ҳамин ҳол, ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳанӯз ба Тоҷикистон наомадааст. Созмони мазкур имрӯз дар торнамои худ хабар додааст, ки як ҳайати мутахассисони тандурустии ҷамъиятӣ ва эпидемиологҳои он рӯзҳои наздик вориди Тоҷикистон мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста