Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз, 20 июл дар бораи даъвати иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони чумҳурӣ қарор имзо кард. Он рӯзи 6 август баргузор мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз парлумони кишвар хабар доданд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииТоҷикистон дар ин иҷлосия рӯзи интихоботи президентиро эълон мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, “ба гумони ғолиб, маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон ба рӯзи 6 ноябри соли равон таъин мешавад”.
Ёдрас мекунем, ки муҳлати ваколатҳои президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 ноябри соли 2020 ба анҷом мерасад.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, рӯзи интихоботи президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, на дертар аз ду моҳ пеш аз анҷоми муҳлати ваколатҳои президенти амалкунанда таъин мешавад.
Тибқи меъёрҳои Конститутсия, Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Шахсе ба номзадии Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.
Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.
Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Ин маҳдудиятҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дахл надоранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста