Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар бораи аз вазифаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ озод шудани Худоёр Худоёрзода фармон ба имзо расонид. Ӯ ба нафақа баромад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент Азим Иброҳим аз вазифаи муовини сарвазир озод шуда, вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд.
Ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон ба ҷойи Азим Иброҳим ҳоло касе таъин нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки субҳи барвақти рӯзи 11 август вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзодаи 62-сола дар заминаи муноқишаи оилавӣ қасди худкушӣ кард, вале наздиконаш саривақт огоҳ шуда, наҷот доданд.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”:
Азим Иброҳим 1 марти соли 1962 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст.
Соли 1992 дар Донишкадаи давлатии кӯҳкории Маскав рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, ба дипломи номзади илмҳои техникӣ соҳиб шуд.
Солҳои 1992—1994 дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1994—1995 дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 1995-1997 - муовини аввали раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
Солҳои 1997 - 2002 - муовини аввали раиси раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои назди ҳукумати Тоҷикистон;
Солҳои 2002-2004 - муовини вазир - сардори Департаменти саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Тоҷикистон;
Солҳои 2005-2005 - раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
То соли 2013 ба сифати сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.
Бо фармони президент аз 23 ноябри соли 2013 муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуд.
Солҳои 2000-2001 Азим Иброҳим беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон эътироф гардида буд.
Муаллифи 4 китоб (дутоаш дар ҳаммуаллифӣ), зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва 5 ихтироъ (чортоаш дар ҳаммуаллифӣ).
Аз соли 2004 узви ҳайати мушовараи таҳририи “Горный журнал»-и Федератсияи Русия. Академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон; Академики Академияи байнулмилалии захираҳои минералии Федератсияи Русия.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Вазир гуфт, дар мактабҳо 281 омӯзгор намерасад ва соҳа ба беш аз 4 ҳазор муаллим эҳтиёҷ дорад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ишқи ғуломи ҳиндӣ ба духтари арбоб”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 январи соли 2025
Соли гузашта Тоҷикистон ба куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх барқ фурӯхт?
Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд
Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад
Беш аз 10 қонуни нав. Акнун муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ интизор аст?
Чаро “Почтаи тоҷик” ба Русия нома ва баста ирсол намекунад? Раиси нави Хадамоти алоқа шарҳ дод
Тоҷикистону Русия масоили муҳими муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, ихроҷи муҳоҷири тоҷик аз Русия “кам шуд ва ҳоло ҳар рӯз 12 кас “депорт” мешаванд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста