Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб боздид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек кард.
Дар идома сарвари давлат дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи автомобилгард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ дар шаҳр шинос шуд. Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур 3 марҳиларо дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар он 4 сол идома меёбад.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавии “Шарора”-ро мавриди истифода қарор дод. Дар ошёнаи аввали меҳмонхона маркази “Дунёи ҳунар” таъсис ёфтааст, ки дар он намоиш ва фурӯши намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо ташкил гардидааст.
Гуфта мешавад, баъдан бо ҳузури президент бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” ба истифода дода шуд. Бино аз 4 ошёна, таҳхона ва 47 синфхона иборат аст.
Дар маҳаллаи Абӯалӣ ибни Сино сарвари давлат бинои иловагӣ ва ва майдони варзишӣ дар назди мактаби рақами 41 ба номи Одил Комиловро ифтитоҳ кард. Бинои иловагӣ таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, майдони муосири варзишӣ дар масоҳати 670 метри мураббаъ сохта шудааст.
Дар Боғи Хуталони шаҳр президент бо ятимон вохӯрӣ намуда, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дод ва ба 60 нафар ятим тӯҳфаҳои молию пулӣ, сару либоси зимистона ва шириниҳо тақдим кард.
Дар фарҷоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб мулоқоти самимӣ доир кард.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб сарвари давлат изҳор дошт, ки ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 1 млрд 200 млн сомонӣ равона кардааст.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бо ипотека дар Тоҷикистон метавон соҳиби хона шуд?
“Бе ноноварони хона зиндагӣ душвор аст”. Аз қазияи пурсарусадои “ҷанҷол бо милисаҳо дар Истаравшан” як сол гузашт
Ҷаҳон ҳамлаи охири Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард. Нетаняҳу онро “иштибоҳи ғамангез” унвон кард
“Самбӯсаи косагӣ”. Дар куҷо ва бо чӣ қимат метавон пайдо кард?
Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и Шабакаи байналмилалии буҷетӣ беҳтар шудааст
“Ҳуҷҷату хона надорем, куҷо худро дар қайд гузорем?”. Боздошту ҷаримаи шахсони бесарпаноҳ дар Суғд
Султон Валиев - вакили пешини парлумону раиси Ховалингу Восеъ даргузашт
Владимир Путин гуфт, робита бо Толибон зарур аст
Матвиенко муовини сарвазири Тоҷикистонро ба Форуми авруосиёии занон ба Петербург даъват кард
Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ - раводидии ВКД Русия боз шуд. Ин ба муҳоҷирони кории тоҷик чӣ медиҳад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста