Маъруф Муҳаммадзода шаҳрдори пешини Хуҷанд баъди ду моҳи барканори аз мақоми раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳукумати вилояти Суғд мансаби нав гирифтааст. Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия плюс” хабар доданд.
Як манбаъ аз ҳукумати вилоят гуфт, ки рӯзи душанбе, 18.01.2021 Маъруф Муҳаммадзода мудири бахши сохтмони дастгоҳи раиси вилояти Суғд таъин гардидааст. Ин бахш аз мансабҳои калидӣ дониста мешавад, ки бино ба навиштаи торнамои ҳукумати вилоят ваколатҳои зиёде дорад.
Маъруф Муҳаммаадзодаи 59- сола аз моҳи марти соли 2017 шаҳрдори Хуҷанд буд, ки 18-уми ноябри соли 2020 дар паи тағйироти барканор шуда буд.
Маъруф Муҳаммадзода Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар риштаи муҳандиси сохтмон хатм карда, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Аз ҷумла ӯ солҳои 2003 – 2005 муовини Раиси кулли ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2005 – 2011 директори ҶСК «Калоннаи сайёри механиконидашудаи 119»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2011 – 2014 муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2015-2017 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва то 18-уми ноябри соли 2020 дар мақоми раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста