Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз фармонҳои президентро дар бораи таъини Мирҳаёт Ёқубзода ва Фирдавс Толибзода ба вазифаи муовинони раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ якдилона ва бидуни баррасӣ тасдиқ кард.
Вакилони мардумӣ инчунин Созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо гардидани 10 млн доллар грант маъқул донистанд.
Ҳадафи амалисозии лоиҳа, ки солҳои 2021-2023-ро дар бар мегирад, мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 16 ноҳияи кишвар мебошад.
Минтақаи татбиқи лоиҳа ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Зафаробод, Файзобод ва Дарвозро фаро мегирад.
Вакилон инчунин аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба истифодаи системаҳои алоқаи моҳворавии таъиноти ҳарбӣ ва мукаммалгардонии минбаъдаи онҳо ва ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ ҷонибдорӣ намуданд.
Тавре муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода қайд кард, мувофиқи меъёрҳои созишнома, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ минбаъд метавонад бепул аз алоқаи моҳвораии таъиноти ҳарбии Русия истифода кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста