Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод бо пешниҳоди тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишин ба ҳукумат муроҷиат кардаанд. Ҳукумат низ аз палатаи болоии парлумон дархост кардааст, ки аз ин ташаббус ҷонибдорӣ шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ.
Ба ин тариқ, пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Фархор ҷамоати “Деҳқонариқ” ба “Деҳқонобод”, ҷамоати “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” - ба “Истиқлол”, ҷамоати “Ғайрат” - ба “Хуросон”, ҷамоати “Ғалаба” - ба “Хутан” ва деҳаи Хуррамзамин - ба Ориён табдили ном кунанд.
Дар ноҳияи Данғара тағйири номи ҷамоати “Оқсӯ” ба “Сафобахш”, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ - ба Себистон, деҳаи Мундоқ - ба Доманкӯҳ ва деҳаи Кангӣ - ба Меҳргон пешниҳод шудааст.
Пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи ҷамоати Узун ба Золи Зар, ҷамоати Фрунзе - ба Навоӣ, деҳаи Москва - ба Зарзамин, деҳаи Ҳосилот - ба Обчакорон, деҳаи Киров - ба Даштобод ва деҳаи Ташробод - ба Сабзадашт иваз карда шавад.
Дар ноҳияи Темурмалик номи шаҳраки Советро ба Баҳманрӯд, ҷамоати Лақайи Кармишевро - ба Кӯшктеппа, ҷамоати Бобоюнусро - ба Чилчаҳ ва ҷамоати Қарақамишро - ба Ҳусайнобод тағйир доданианд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод табдили номи ҷамоати Мунвавваршо Шогадоев ба Зарафшон, деҳаи Келинбоқӣ - ба Сурхкӯҳ, деҳаи Капалӣ - ба Сафедмун, деҳаи Зарафшон - ба Шинг ва деҳаи Анвар Қаландаров - ба Анваробод дархост шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста