Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара имрӯз як қатор иншоот, аз ҷумла бинои таъмиру навсозишудаи Қасри фарҳангро ба истифода дод.

1/20

Дар деҳоти Ворух ӯ майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дод. Майдони Парчами давлатӣ масоҳати 1200 метри мураббаъро фаро гирифта, дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 50 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

1/9

Ӯ ҳамчунин бинои шӯъбаи ВКД ҶТ ва бинои нави Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати КДАМ дар деҳоти Ворухро ифтитоҳ намуд.

1/6

Дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо ҳузури сарвари давлат хати нави оби нӯшокиро ба истифода дода шуд. Оби нӯшокӣ худҷореъ буда, аз деҳоти Ворух тавассути қубури қутраш 530 миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ мегардад. Дар доираи амалӣ гардидани ин тадбири муҳим аллакай 340 хонавода бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.

1/3

Ғайр аз ин, дар деҳоти мазкур Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” мавриди истифода қарор гирифт. Ин иншоот аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сорбон Савриддинов мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар 2 гектар замин бунёд ёфта, дорои майдончаҳои варзишии замонавии кушодаю болопӯшида ва 2 ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон мебошад.

1/6

Дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворух президент ба фаъолияти Муассисаи нави таҳсилоти миëнаи умумии рақами 74 ҳусни оғоз бахшид. Муассисаи нави таълимӣ барои 840 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, масоҳати умумии заминҳои он як гектарро ташкил медиҳад.

1/8

Дар идомаи боздиди корӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух ба бунёди боғи интенсивӣ бо шинонидани ниҳолҳои себ оғоз бахшида шуд. Дар боғи мазкур дар як гектар 1250 бех ниҳол дар асоси тавсияи мутахассисон шинонида шудааст. Дар маҷмӯъ ниҳолҳои боғи навбунёд 3900 бехро ташкил медиҳад. Масоҳати боғи мазкур 2,4 гектарро дар бар мегирад.

1/8

Дар деҳоти Ворух ҳамчунин Маркази хизматрасонии “Наврӯз” мавриди истифода қарор дода шуд. Марказ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зиёваддин Зокиров сохта шудааст. Он дорои коргоҳҳои қаннодию дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал мебошад.

1/8

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.