Ҳамаи хонаҳои осебдидаву тахрибшуда дар ҷараёни муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон пурра аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд.
Имрӯз, 3 май зимни машварати корӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки ин корҳо бо дастуру супоришҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат вазъи бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Вобаста ба ҳолати кунунии корҳо муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода гузориш дод. Бино ба иттилои ӯ алҳол шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои ноамн кӯчонида шуда буданд, ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуда истодаанд. Онҳое, ки манзили зисташон пурра хароб гардидааст, дар маҳалли муваққатӣ истиқомат доранд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, дар муддати як моҳ пурра барқарор карда хоҳад шуд. Хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсатҳои кутоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешавад.
Гуфта мешавад, ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, бо мақсади муайян намудани ҳаҷми зарари расида дар натиҷаи зиддиятҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳбарияти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд якҷо бо Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хонаҳои харобшудаи се ҷамоати шаҳри Исфара: Сурх, Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаи Овчикалъачаи Бобоҷони ноҳияи Ғафурови вилояти Суғдро баррасӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои муқовиматҳои низомӣ дар қаламрави се ҷамоати деҳоти ноҳияи Исфара 14 хонаҳои истиқоматӣ пурра хароб шуда, 2 хона ва 1 иншооти ёрирасон низ қисман тахриб шудаанд.
Ҳамчунин, бинои як мактаби таҳсилоти умумӣ ва як хонаи истиқоматӣ дар қаламрави деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ қисман зарар дидаанд.
Гуфта мешавад, комиссияи эвакуатсионии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ. Расулов ва Спитамен якҷо бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд тақрибан 15 ҳазор сокини маҳаллиро, ки дар минтақаи низоъ мондаву ба ҳаёташон хатар таҳдид мекард, ба ҷойҳои бехатар кӯчонданд. Дар айни замон, ҳамаи онҳо ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргардонида шуданд.
Ёдрас мекунем, ки муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел байни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳонаи хизмтчиёнии ҳарбии ҳар ду кишвар табдил ёфт.
Дар муқовимати мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳар ду ҷониб ҳудуди 50 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 200 кас захм бардоштаву осеб диданд.
Қарибиҳои шоми 30 апрел ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
Қаблан хабарнигори мо аз ҷойи ҳодиса иттилоъ дода буд, ки юар асари муноқиҳшаи мусаллаҳона дар сарҳад танҳо дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ наздик ба 15 хона пурра ба коми оташ фурӯ рафтааст.
Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста